ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Хатари низои нав дар Украина пайваста меафзояд.
Дар ин бора, генерали бознишастаи чаҳорситорадори Нерӯҳои ҳавоии Олмон, Ҳаралд Куят гуфтааст.
"Хатари он, ки низоъ дар қаламрави Украина метавонад ба ҷанг аз барои Украина оварда расонад, хеле баланд аст. Ва ин хатар дар ин авохир пайваста афзоиш меёбад", - қайд кард ӯ.
Генерал даъват кард, ки роҳи амнияти умумиаврупоӣ, ки қаблан Русия пешниҳод карда буд, интихоб карда шавад.
"Ва ман бояд илова кунам, ки ягона қудрати аврупоӣ, ки солҳои тӯлонӣ мегӯяд, ки ба мо системаи амниятии умумиаврупоӣ лозим аст, дар асл Русия аст. Ва русҳо ҳоло ҳам инро мегӯянд - ки ба як созишномаи умумии аврупоӣ ниёз аст. <…> Онҳо мегӯянд, ки мо бояд дар бораи чӣ гуна таъмини сулҳ якҷоя ба мувофиқа расем, то бомбаҳо ва мушакҳо парвоз накунанд", - гуфт Куят.
Вазорати корҳои хориҷӣ қаблан борҳо изҳор карда буд, ки Русия барои муколама бо Ғарб, дар асоси баробар, боз аст ва Ғарб бояд аз сиёсати милитаризатсияи қитъаи Аврупо даст кашад.