ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Музокироти сеҷониба дар бораи ояндаи Украина мураккабанд ва дар сатҳи коршиносон гузаронида мешаванд.
Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, хабар дод.
“Ин гуфтушунидҳои хеле мураккабе ҳастанд, ки дар сатҳи коршиносон оғоз шудаанд. Тавре ки шумо медонед, барои идомаи онҳо тавофуқ ҳосил шудааст. Кор идома хоҳад ёфт", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ахиран, рӯзи дуюми музокироти гурӯҳи кории сеҷониба оид ба масъалаҳои амниятӣ, ки намояндагони Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украинаро дар бар мегиранд, дар Абу-Дабӣ, пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, ба анҷом расид.
Ҳукумати АМА ин мулоқотро мусбат ва созанда арзёбӣ карда, қайд кард, ки ҳайатҳои Русия ва Украина тамосҳои мустақим доштанд.
Аз ҷониби худ, президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи "пешрафтҳои хеле хуб" дар музокироти ҷорӣ барои ҳалли низоъ дар Украина хабар дод.