Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Ин худкушист": Фитсо тахмин зад, ки кай низоъ дар Украина хотима меёбад

Сарвазири Словакия ахиран гуфт, ки низоъ дар Украина дар моҳи ноябри соли 2027 хотима хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв - Sputnik. Сарвазири Словакия Роберт Фитсо умедвор аст, ки то моҳи ноябри соли 2027 низоъ дар қаламрави Украина хотима меёбад, хабар додааст хадамоти матбуотии ҳукумати ин кишвар.
Фитсо дар нишасти матбуотии муштарак бо вазири корҳои хориҷӣ Юрай Бланар манъи пурраи воридоти гази Русия ба Иттиҳодияи Аврупоро, ки аз 1 ноябри соли 2027 эътибор пайдо мекунад, иқдоми беақлона номид.
"Умедворам, ки то он вақт ҷанг ба охир мерасад ва ҳамаи мо ба худ меоем. Зеро даст кашидан аз захираҳои энергетикии Русия худкушӣ аст ва инро на танҳо ман, балки дигар сиёсатмадорон дар Иттиҳоди Аврупо низ мегӯянд", - гуфт ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Иҷозат намедиҳем" Таҳдидҳои Украина нисбати Маҷористон Орбанро хашмгин кард
Ба гуфтаи вай, Словакия аз ибтидо ба қатъи интиқоли газ аз Русия мухолифат карда, аз норасоии газ дар Аврупо ҳушдор додааст.
Изҳороти Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи душанбе нашр шуд, нишон медиҳад, ки он манъи воридоти гази моеъи аз Русияро аз 1 январи соли 2027 ва гази лӯлаии Русияро аз 30 сентябри соли 2027 тасдиқ кардааст.