Ҳалокати хориҷиҳо ҳангоми кор дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳалокати 5 шаҳрванди хориҷӣ дар корхонаҳои саноатии кишвар дар соли гузашта хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв - Sputnik. Дар умум соли гузашта 40 нафар дар корхонаҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Санъат Раҳимзода, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва куҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон дар посух ба суоли Спутник Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аксари афроди хориҷие, ки ҳангоми кор кушта ё захмӣ шудаанд, шаҳрвандони Чин ҳастанд.
“Аввал ин ки теъдоди шаҳрвандони ин кишвар, ки дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон кор мекунанд, зиёдтар аз дигар кишварҳост. Сониян, онҳо дар шароити хос - ё дар нақб, ё риоя накардани қоидаи бехатарӣ - ба фоҷиа дучор омадаанд”, - гуфт Санъат Раҳимзода.
Вай афзуд, аз панҷ нафаре, ки ҳангоми кор ба ҳалокат расидаанд, як нафар шаҳрванди Гондурас ва бақия чаҳор нафар шаҳрвандони Чинанд.
Бино ба гузорише, ки Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва куҳкории Тоҷикистон дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор дод, Хосе Родолфо Лопез Алвареси 51-сола, зодаи Гондурас, супервайзери хатти конвейерии намояндагии ширкати итолиёии “Вибилд С.п.А дар Тоҷикистон”, як ширкати паймонкори Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” буда, дар пайи риоя накардани қоидаи бехатарӣ дар кор ба ҳалокат расидааст.
Даҳҳо мансабдори тоҷик барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат ҷазо гирифтанд
Корманди ширкати чинии “Чжесян чжехуин инжеренинг дар Тоҷикистон” Дуан Юйен дар яке аз нақбҳои кони “Дуобаи Шарқӣ” – и ширкати “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” зери овори ангишт ва як коргари дигари ширкати мазкур бо номи Ву Мин, 49-сола, дар кони “Кумарғи Боло” зери овори ҷинсҳои кӯҳӣ монда, ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд. Зиндагии нақбкан Лю Ҷи Бини 54-сола низ зери овори ҷинсҳои кӯҳӣ дар кони маъдани Зарнисори Шимолии “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” хотима ёфт.
Бино ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта дар умум 40 нафар дар корхонаҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд, ки ба ҷуз панҷ хориҷӣ, бақия ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Теъдоди захмиён 27 нафарро ташкил мекунад, ки яке шаҳрванди Чин ва дигарӣ шаҳрванди Афғонистон буда, боқимонда шаҳрванди Тоҷикистонианд.