Рушди 16 дарсадии содироти Эрон ба ИИАО

Раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз рушди 16 дарсадии тиҷорати Эрон бо кишварҳои узви АвруОсиё дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Муҳаммадалӣ Деҳқон Деҳнавӣ ахиран дар як ҷалсаи ахири Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) гуфт, ки соли равон Эрон рушди содироти назаррасро мушоҳида кардааст, иттилоъ додааст IRNA.
Вай гуфт, бахши хусусӣ ва тоҷирон аз ин фурсат истифода бурда, бо панҷ кишвари узви АвруОсиё тиҷорати хубро ба роҳ мондаанд.
Раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон афзуд, ки бар асоси созишнома дар бораи тиыорати озод, 87 дарсади тиҷорати Эрон бо АвруОсиё зери тарифащои сифр сурат мегирад.
Вай таъкид кардж, ки ин нишондиҳандаи рушди тиҷорат аст.
“Мо аз имконоти зиёде барои тиҷорат бо АвруОсиё бархурдорем. мо иқтидори 12 миллиард долларро дар тиҷорат бо Русия дорем, ки мо бояд аз он истифода барем” гуфт Раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон.
Содироти ғайринафтии Эрон ба кишварҳои узви ИИАО афзоиш ёфт
Вай таъкид кард, ки созишномаи тиҷорати озод монеаҳои тарифиро бартараф кардааст ва истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон дар кишварҳои АвруОсиё таҳти фишори тарифҳо қарор надоранд.