Даҳҳо мансабдори тоҷик барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат ҷазо гирифтанд

Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон, ки дар пайи куштаву захмӣ дошт, мунҷар ба ҷазои раҳбарон барои бемасъулиятӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв— Sputnik. Дар Тоҷикистон барои роҳ додан ба камбудиҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 40 нафар шахсони мансабдор ҷазо гирифтаанд.
Дар ин бора Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 226 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташударо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар умум ҳудуди 1,1 млн сомонӣ ҷарима шуданд.
Таъкид шудааст, ки дар фаъолияти масъулини муҷозотшуда бемасъулиятӣ дар таъмини шароити лозима барои коргарон ва нақзи талаботи қонунгузории амалкунанда дар бахши бехатарии корҳо ба қайд гирифта шудааст.
Чунин бемасъулиятиҳо ва дар баъзе ҳолатҳо ноогоҳии худи коргарон ба ҳодисаи нохуш оварда расонидааст, ки дар соли 2025 ба 46 ҳолат мерасонад, ки 40-тоаш бо марги коргар анҷомида, 27 захмӣ ҳам доштааст.
Инфиҷор дар кони ангишти Тоҷикистон ҷони 6 коргари афғонро гирифт
"Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 49 санад-нишондод пешниҳод гардидааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ин ниҳод дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои бақайдгирифташуда тибқи тартиби муқарраргардида 179 иҷозатномаи намудҳои фаъолият додааст.
Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 3991 корхона ва 17 ҳазору 779 объектҳо ба қайд гирифтааст.
Аз ҷониби 8 нозироти давлатии марказӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ дар корхона ва объектҳои сабтшуда 49 назоратҳои техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 23 назорати нақшавӣ ва 26 назорати ғйринақшавӣ мебошад.