Даҳҳо ҳамлаи артиши Украина ба минтақаҳои марзии вилояти Курск давоми шабонарӯзи охир

Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина минтақаҳои марзии вилояти Курскро 47 маротиба мавриди тирборони тӯпҳо қарор доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв— Sputnik. Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар тӯли 24 соати охир ба минтақаҳои марзии аҳолинишини вилояти Курск 47 маротиба аз тӯпҳо оташ кушоданд, ҳамчунин 27 ҳавопаймои бесарнишини навъҳои гуногуни душман нобуд карда шуданд. Ба қавли губернатори вилоят Александр Хинштейн, талафот ва осеб бардоштани одамон ба қайд гирифта нашудаст.
" Гузориш дар бораи вазъ дар вилояти Курск дар тӯли 24 соати охир чунин аст. Дар маҷмӯъ 27 ҳавопаймои бесарнишини навъҳои гуногуни душман аз соати 9:00-и субҳи 26 январ ва 7:00-и субҳи 27 январ сарнагун карда шуданд. Душман 47 маротиба аз тӯпхона ба минтақаҳои аҳолинишин оташ кушод", - гуфт Хинштейн дар шабакаи Telegram-и худ.
Ӯ афзуд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ 11 маротиба бо партофтани маводи тарканда ба ин минтақа ҳамла кардаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА хабари “FT”-ро дар бораи додани кафолатҳои амниятӣ барои Украинаро рад кард
"Дар натиҷаи ҳамлаҳо дар деҳаи Калиновка, ноҳияи Хомутовский, дарвоза, девор ва намои як хона ва ду мошин аз хумпораҳо осеб дидаанд. Дар деҳаи Хомутовкаи ноҳияи Хомутовский, панҷ мошин аз хумпораҳо осеб дида, қисман таъминоти барқ халалдор гардид", - шарҳ дод губернатор.
Ба гуфтаи губернатори вилоят, талафот ё захмбардоштагон ба қайд гирифта нашуданд.