ИИАО маблағгузории соҳаи кишоварзиро афзоиш медиҳад

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гуфт, ки фаъолият дар соҳаи чорводорӣ муфид хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар рушди чорводорӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоюлҳои мусбат мушоҳида мешаванд.
Инро Наира Карапетян, мудири Департаменти сиёсати агросаноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, дар мизи мудаввар бо номи "Рушди чорводорӣ дар кишварҳои ИИАО - Дастгирии лоиҳаҳои ҳамкорӣ" изҳор дошт.
"Мо бо талошҳои муштарак механизми дастгирии молиявии комплекси агросаноатӣ таҳия ва пешбурд мекунем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Карапетян, чунин механизм бешубҳа барои соҳаи чорводорӣ низ муфид хоҳад буд.
Қаблан эълон шуда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми дастгирии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар комплекси агросаноатро низ роҳандозӣ хоҳад кард.
Содироти ғайринафтии Эрон ба кишварҳои узви ИИАО афзоиш ёфт
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар дохили иттиҳод на танҳо ба саноат, балки ба бахши кишоварзӣ низ дахл хоҳад дошт.
Айни замон, чорчӯбаи ҳуқуқӣ таҳия шуда истодааст, ба созишномаи иттиҳод тағйирот ворид карда мешавад ва расмиёти мувофиқ барои дастгирии лоиҳа қабул карда мешаванд.