Аз гӯшт то тухму асал: Дар Тоҷикистон аз нобудсозии даҳҳо тон маҳсулоти хатарнок гуфтанд

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон аз нобудсозии маҳсулоти ғизоӣ хабар дод, ки барои саломатии шаҳрвандон хатар доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон даҳҳо тонна маҳсулоти хатарноки ғизоӣ дар Тоҷикистон тайи соли 2025 нобуд карда шудааст, ки аз тухму асал то меваю гӯштро дар бар мегирад.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати ҶТ, зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ин давра 26,6 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 8 тонна маҳсулоти ширӣ, 721 литр равғани растанӣ, 20374 дона тухми паранда ва 482 кг моҳии хатарнок нобуд карда шуд.
Ба иттилои манбаъ ҳамчунин дар пайи ташхисҳо 364 кило асал, 4,1 тонна маҳсулоти намакин, 4,7 тонна маҳсулоти хушк, 122 тонна меваю сабзавот ва 12 тонна маҳсулоти полезӣ, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шудаанд.
Аз тамоку то оби ҷав: ошкори маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои Тоҷикистон
Барои дарёфти маҳсулоти пастсифар кормандони ин ниҳод дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 1309977 адад ташхисҳои маҳсулоти озуқаворӣ гузаронидаанд.
Файзуллозода гуфт, дар ин давра бо истифода аз ваксинаҳо ва дигар маводҳои байтории дар марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ҷойдошта, дар ин давра ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии чорво зиёда аз 10,9 млн сар ҳайвоноту парандаҳо бо эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин шудааст.
Ҳамчунин дар Кумита дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд, ки дар маҷмуъ дар ин давом ба миқдори 89177 тонна, 5239,6 м3 ва 400686 дона маҳсулот ба маблағи умумии беш аз 1,4 млн сомонӣ безарар гардонида шудааст.