Чоряки хидматчиёни давлатиро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд

Дар умум теъдоди хидматчиёни давлатии амалкунанда беш аз 18 ҳазор нафар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Чоряки хидматчиёни давлатиро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд.
Дар ин бора, Агентии хизмати давлатӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ сар аз аввали сол дар маҷмӯъ 4782 нафар ё 25,2%-ро ташкил додаанд.
Дар баробари ин, нисфе аз хидматчиёни давлатиро дар Тоҷикистон ҷавонон ташкил медиҳанд.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ 9429 нафар ё қариби 50,1%-ро ташкил медиҳад.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраси соли қаблӣ, 390 ва ё 1,1% бештар аст, хабар дод Агентии хизмати давлатӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар умум теъдоди хидматчиёни давлатии амалкунанда беш аз 18 ҳазор нафар аст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чандин сохтори муҳими давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Ном ба ном: раисони нави шаҳру навоҳии Суғду Хатлон эълон шуданд
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президент, аксари кадрҳои нав аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин шудаанд.