Рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд

Тибқи ҳисобҳо, оғози рӯзадорӣ ба 18 феврал рост меояд, аммо қарори ниҳоӣ дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар гирифта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон имсол 18 феврал оғоз мегардад.
Тибқи ҳисобҳо, оғози рӯзадорӣ ба ин рӯз рост меояд, аммо қарори ниҳоӣ дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар гирифта мешавад.
Дар ин бора аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
"Тибқи ҳисобҳо пешакӣ ин сана аст, аммо қарори ниҳоӣ баъдан, ҳамчунин дар бораи садақаи фитр, закот қабул мешаванд, ки расман эълон мешавад",- афзуд манбаъ.
Тақвим аз тарафи Раёсати Шурои уламо дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар тасдиқ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи Рамазон соли гузашта 1 март оғоз шуда буд.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2026
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.