Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 барзиёд иҷро гардид

Дар маҷмуъ, дар соли 2025 аз ҳисоби иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷаи давлат 2,3 млрд сомонӣ зиёдтар иҷро гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 барзиёд иҷро гардидааст.
Дар ин бора, сардори Хадамоти гумрук , генерал - полковник, Хуршед Каримзода зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 34 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук, иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, дар соли 2025 нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 10,4 млрд сомонӣ, аз ҷумла,
аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда 7,9 млрд сомонӣ,
боҷи гумрукӣ 1, 2 млрд сомонӣ,
боҷи содиротӣ 160млн сомонӣ,
андози аксизӣ 869 млн сомонӣ,
воридоти ғайриандозӣ 170 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Дар асл ба буҷаи давлатӣ 12, 7 млрд сомонӣ ворид карда шуд, ки ин ба 122,3%-и нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Дар маҷмуъ, дар соли 2025 аз ҳисоби иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷаи давлатӣ ба маблағи 2,3 млрд сомонӣ зиёд ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда дар соли 2024 ба маблағи 2,9 млрд сомонӣ зиёд ворид гардидааст.
Тоҷикистон буҷаи бахши низомӣ ва бехатарияшро афзоиш дод
Дар маҷмуъ, аз ҳисоби татбиқи амалии меъёрҳои иловатан муқарраршуда 1,5 млрд сомонӣ маблағҳои иловагӣ ба буҷа ворид гардидаанд.