ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 22 январи соли 2026 дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво бад хоҳад шуд.
Тибқи иттилои Агентӣ, дар шаҳри Душанбе, атрофи он ва аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши барфи шадид дар назар аст.
Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳоди давлатӣб дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли боришоти зиёд, тумани ғализ, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш мавҷуд мебошад, ки метавонад боиси мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт гардад.
Ҳамин тавр Агентӣ аз шаҳрвандон, махсусан ронандагоне, ки тавассути роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо нияти ҳаракат мекунанд, хоҳиш кардааст, ки сафарҳои худро ба ҳадди имкон ба рӯзҳои мусоидтар мавқуф гузоранд.
“Пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии обу ҳаворо мушаххас намоянд, инчунин қоидаҳои бехатарии ҳаракатро ҳамаҷиҳата риоя кунанд”, - таъкид кардааст Агентӣ.
Қайд карда шудааст, ки мақомоти дахлдор барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии шаҳрвандон чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.