ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Қандилҳои диодӣ ё каммасраф метавонад, истифодаи нерӯи барқро то 6 маротиба камтар кунад.
Дар ин бора, корманди Вазорати энергетикаи Тоҷикистон Маҳмуд Мирзоев дар барномаи "Минбари андешаи" телевизиони "Синамо" гуфт.
Ба гуфтаи мутахассис дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои кам кардани сарборӣ ба манбаъҳои барқдиҳӣ ва танзими буҷаи оилавӣ, зимни бунёд ва таъмири манзилҳою корхонаҳо ба масъалаи истифодаи қандил таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Сохтмончиён кӯшиш мекунанд, ки аз рангҳои рӯшан бештар истифода намоянд ва ба манзилҳо тирезаҳои калон насб кунанд, то рӯшании табиӣ тавонад ба қадре истифодаи қувваи барқро коҳиш диҳад.
Вале, дар Тоҷикистон то ҳол аксари мардум аз лампаҳои тафсон ва қандилҳои бузург истифода мекунанд. Ба гуфти мутахассис бо истифода аз лампаи диодӣ мешавад сарбориро то 6 маротиба кам кард.
"Як лампаи тафсон то 60 Вт қувваи барқро талаб мекунад, агар як қандил панҷ лампа дошта бошад, 300 Вт мешавад. Дар сурати истифода 5 соат дар як шабонарӯз 1500 Вт қувваи барқ масраф мешавад, дар ҳоле, ки бо лампаи диодӣ, ки қуввашон то 10 Вт аст, мешавад истифодаи барқро то 6 маротиба коҳиш дод", - шарҳ дод Мирзоев.
Мирзоев бовар дорад, ки бо ин роҳ мешавад ҳам буҷаи оилавиро танзим кард ва ҳам талафоти нерӯи барқро пешгирӣ намуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, Тоҷикистон маҳдудиятҳои қатъиро барои интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ карда буд. Мақомот ин тадбирҳоро ба коҳиши сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии Норак рабт доданд.
Қайд карда мешавад, ки имсол, бахусус дар фасли тирамоҳ, омилҳои табиӣ, аз ҷумла тағирёбии иқлим, камборишот, кам шудани ҷараёни дарёҳо ва паст шудани сатҳи об дар обанборҳои нерӯгоҳи барқи обӣ, ба истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар таъсири назаррас расонидаанд.
Шабакаҳои тақсимоти барқ аз сокинон хоҳиш кардаанд, ки дар як вақт на бештар аз 4 кВт нерӯи барқро истифода баранд.