ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Украина рӯз ба рӯ ҷудоиро эҳсос мекунад ва фосилаи байни низомиён ва мардуми осоишта дар тӯли солҳо афзоиш ёфтааст, навиштааст рӯзномаи Pais.
Ҳамин нашрия қайд кардааст, ки сабаби ин фосила ба хастагии аҳолӣ аз низоъ рабт дорад.
"Кишвар оҳиста оҳиста ҷудоиро эҳсос мекунад; бо гузашти солҳо тағйирот назаррас мешаванд. Ин хастагӣ аст..." – гуфтааст ба рӯзнома лейтенанти украинӣ Мария Ана.
"Вай илова кардааст, ки мардуми Украина дар ҷаҳони гуногун зиндагӣ доранд.
Ҳафтаи гузашта, узви Рада (парлумон) Анна Скороход изҳор дошт, ки бисёре аз украинҳо дигар парво надоранд, ки зери кадом парчам зиндагӣ кунанд.
Ба гуфтаи вай мардум танҳо як шарт дорад, ки низоъи мусаллаҳона ҳарчи зудтар хотима ёбад.
Ба гуфтаи Скороход, сатҳи нафрат ва хастагӣ дар ҷомеа аллакай ба нуқтаи муҳим расидааст.
Вакили парлумон инчунин аз созиш дар Украина пуштибонӣ кард ва ба андозаи қабристонҳо ишора кард, ки аз талафоти назаррас дар байни Қувваҳои Мусаллаҳи Украина шаҳодат медиҳанд.