Наҷоти шаҳрвандони Тоҷикистон аз асорати барф дар роҳи Қазоқистон

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакон, дар автобуси байнишаҳрӣ дар шароити ҳавои номусоид банд монданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Дар вилояти Акмолӣ наҷотдиҳандагон 81 шаҳрванди хориҷиро аз автобус берун оварданд - ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, дар байни онҳо 17 кӯдак низ будаанд. Мошин аз сабаби сармои шадид ва шароити ноамни роҳ дар наздикии шаҳри Кокшетау банд мондааст.
Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, ки бо пулис ҳамкорӣ мекунанд, одамонро берун оварда, дар маркази мутобиқшавӣ ва меҳмонхонаи шаҳрӣ ҷойгир карданд.
"Ба мусофирон кумаки зарурӣ расонида шуд", - омадааст дар хабарнома.
Дар навбати худ, шаҳрвандони Тоҷикистон аз наҷотдиҳандагони Қазоқистон барои амалиёти фаврӣ ва дастгирии онҳо изҳори сипос карданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ин бори аввал нест, ки хадамоти ёрии таъҷилии Қазоқистон ба мусофирон аз кишварҳои гуногун дар фасли зимистон кумак мекунанд.
Масалан, дар охири моҳи декабр дар Қазоқистон беш аз 130 нафар аз барф наҷот дода шуданд. Дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд.
КҲФ дар водии Зарафшон ба мусофирони бандмонда бо маводҳои аввалия кӯмак расонд
Он замон, ҳавои шадид ҳаракати нақлиётро дар якчанд шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ фалаҷ кард. Се автобус бо 134 мусофир дар нуқтаҳои гузаргоҳ дар вилоятҳои Ақтобе ва Қарағанда дармонда монданд.