ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Овозаҳо дар бораи зараровар будани доруи русӣ, ки дар бозори дорувории Тоҷикистон фурӯхта мешавад, беасосанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон пас аз паҳн шудани маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ тафтишоти дахлдорро анҷом дод, хабар дод хадамоти матбуоти вазорат.
Доруи мавриди назар доруи истеҳсоли Русия аст, ки дорои кислотаи гопантенӣ мебошад.
"Пас аз нашри овозаҳо дар бораи ин дору, аз анборҳои ширкатҳои воридкунанда барои санҷиши такрории лабораторӣ намунаҳо гирифта шуданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки партияҳои санҷидашуда ба стандартҳо мувофиқат мекунанд", - изҳор дошт Вазорати тандурустӣ.
Вазорат инчунин қайд кард, ки ширкати русӣ, ки ин маводро истеҳсол мекунад, яке аз бонуфузтарин ширкатҳои дорусозии Русия аст.
Ғайр аз ин, маҳсулоти ин ширкат солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон дастрас буданд ва то имрӯз ягон камбудӣ ё шикояте дар бораи маҳсулоти онҳо дар кишвар сабт нашудааст.
Овозаҳо дар бораи зарароварии эҳтимолии ин дору дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон паҳн шуданд, ки дар он корбарон бад шудани вазъи кӯдакро ба истифодаи ин модда рабт доданд. Ин маълумот зуд паҳн шуд.
Мутахассисони пешбари Вазорати тандурустӣ дар соҳаи эҳёгарии кӯдакон, бемориҳои асаби кӯдакон ва заҳролудшавӣ (токсикология) ин вазъиятро арзёбӣ карда, ин робитаро беасос номиданд.
Дар айни замон, Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот ё саволҳои марбут ба доруҳо ва хидматрасониҳои муассисаҳои тиббӣ ва дорусозӣ, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.