ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Тибқи омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бузургтарин аҳолиро Русия дорад.
Аҳолии Русия беш аз 146 миллион нафарро ташкил медиҳад, Сипас дар ин феҳрист Қазоқистон (20,2 миллион), Беларус (9,1 миллион), Қирғизистон (7,2 миллион) ва Арманистон (3,07 миллион) қарор гирифтаанд.
Давомнокии умр дар кишварҳои ИИАО низ боло рафтааст. Дар соли 2021 он аз 71 то 73 сол буд аммо дар соли 2024 аз 72 то 79 сол расид.
Қариб 75% аҳолии кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шаҳрнишин мебошанд - ба ҳисоби миёна, 72,5% аҳолии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле ки танҳо 27,5% аҳолӣ дар деҳот ба сар мебаранд.
Бахши муҳоҷирати дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба таври назаррас тағйир ёфтааст, аз ҷумла ба Арманистон дар соли 2020 беш аз 36 ҳазор нафар нафар омад аммо беш аз 33 ҳазор нафар ин кишварро тарк кард. Аммо, дар соли 2024 вазъ ба таври назаррас баръакс шуд: назик ба 81 ҳазор нафар омад, дар ҳоле ки танҳо 2527 шаҳрванд ин кишварро тарк кард.
Тамоюлҳои манфӣ танҳо дар Қазоқистон ва Қирғизистон идома дорад: дар соли 2020 856 ҳазор нафар ба Қазоқистон омад ва 874 ҳазор нафар рафтаанд, дар ҳоле ки Қирғизистон 34 ҳазор нафарро қабул кард, аммо ин кишварро 69 ҳазор нафар тарк кард. Соли 2024 кишвар ҳамагӣ 14 ҳазор сокини нав пайдо карда, дар ҳамин ҳл 3461 нафарро аз даст дод.
Тибқи гузориш, шумораи умумии аҳолии кишварҳои ИИАО дар соли 2024 наздик ба 186 миллион нафарро ташкил дод.