Тоҷикистон буҷаи бахши низомӣ ва бехатарияшро афзоиш дод

Миқдори маблағҳои ба нақша гирифташуда барои амният ва мудофиа нисбат ба соли 2025 ҳудуди 1 млрду 237,6 млн сомонӣ бештар аст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Тоҷикистон соли ҷорӣ буҷаи мудофиа ва бехатарияшро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст.
Ба асоси тарҳи буҷа ҳаҷми он 3,1%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2026 хароҷотҳо барои нигоҳдории қувваҳои мусаллаҳ, дигар қушунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳаҷми 5 млрду 961,7 млн сомонӣ тасдиқ шудааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ҳудуди 1 млрду 237,6 млн сомонӣ бештар аст.
Семериков: СПАД ҳаҷми кумаки низомӣ ба Тоҷикистонро тасдиқ кард
Дар лоиҳа ҳамзамон таъкид мешавад, ки барои сохтмону азнавсозии иншоотҳои соҳаҳои мудофиаи миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура аз ҳисоби маблағҳои асосии мутамарказ 209,1 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Инчунин, дар соҳаҳои мазкур воридоти маблағҳои махсус дар ҳаҷми 430,1 млн сомонӣ бо афзоиш ба андозаи 18,9 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои вазорати молияи кишвар хароҷоти давлатии Тоҷикистон дар соли 2026 ҳудуди 66,99 млрд сомонӣ дар назар аст. Даромади буҷаи давлатӣ дар ин сол бошад, тибқи дурнамои ин ниҳод 65 млрд сомонӣ дар назар мебошад.