Тоҷикистон барои хариди маводҳои вобаста ивазкунии узвҳои инсон 12,5 млн ҷудо кард

Табибони тоҷик дар соли 2025 шумораи ҷарроҳиҳои пайвандсозиро нисбат ба соли қаблияш 35 адад зиёд кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тоҷикистон барои хариди маводҳои иммуносупресантӣ вобаста ивазкунии узв ва бофтаҳои инсон дар соли равон 12,5 млн сомонӣ равона хоҳад кард.
Ин нукта дар буҷаи бахши тандурустӣ зикр шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир пайвандсозии узвҳои инсон дар Тоҷикистон зиёд анҷом дода мешавад, ки ба далели нархҳои нисбатан арзон шаҳрвандони хориҷӣ низ ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.
Ба гузориши Вазорати тандурустӣ бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, дар соли 2025 ба 330 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо (2024-295) гузаронида шуд.
Дар соли 2025 дар умум 72 навгониҳо дар соҳаи тибби тоҷик ворид карда шудааст, ки аз инҳо 14 навгонӣ дар самти ташхис ва 58 навгонӣ дар самти табобат мебошанд.
Илова бар ин, дар соли 2026 ҷиҳати коҳиш додани беморшавӣ ва фавти аҳолӣ аз омосҳои бадсифат, сафарбар намудани захираҳои мавҷуда баҳри ташхиси бармаҳали онҳо, мукаммалсозии кумаки махсусгардонидаи саратонӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳама намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассиса, тайёр намудани кадрҳои амалӣ ва илмӣ 12,7 млн сомонӣ ба инобат гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии нодири мағзи сар роҳандозӣ шуд
Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки бештари пайвандсозиҳо гурда ва ҷигар мебошанд, аммо табибони кишвар имкони пайванди дилу ғадуди зери меъда ва рударо низ доранд.
Ҷомолиддин Абдуллозода гуфт, ки аз хориҷ низ бо ҳадафи пайвандсрзӣ ба Тоҷикистон зиёд меоянд. Ба гуфтаи ӯ қимати ками ҷарроҳӣ дар кишвар таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар соли 2026 хароҷот барои соҳаи тандурустияшро дар ҳаҷми 5 млрд сомонӣ тасдиқ кардааст, ки ин нисбат ба соли 2025 ба маблағи 698,9 млн сомонӣ ё 16,1 фоиз зиёд мебошад.
Ҳиссаи соҳа дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ тақрибан 7,5 фоиз ва дар ММД 2,6 фоизро ташкил медиҳад.