ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон исми ашхосеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои ин ниҳод таъйин шудаанд, нашр кард.
Ҳамин тавр, полковник Баҳодур Холиқзода муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал Ҷамшед Машрабзода роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковник Фирӯз Одиназода сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорат таъйин шудаанд.
Инчунин полковник Абдуҷаббор Сатторзода сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорат, полковник Бахтиёр Вайсзода сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати роҳбари давлат ва меҳмонони олиқадр, таъйин шудаанд.
Генерал Алимардон Маҳмадзода сардори ШВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйин гардид, иттилоъ дод ВУД Тоҷикистон.
Сардорони милиса дар фурудгоҳи Душанбе ва роҳи оҳани Тоҷикистон
Подполковник Ғолиб Пирмуҳаммадзода сардори ШВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва полковник Зафар Исмоилзода сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳан таъйин гардиданд, иттилоъ дод ВКД Тоҷикистон.
Инчунин майор Ҳакимзода Ҷамшед Сайнахш сардори ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Суғд тайъин гардид, афзуд манбаъ.
Сардорони нави милиса дар Душанбе ва навоҳии атрофи он киҳоянд?
Тибқи тағйироти кадрӣ дар вазифаҳои раҳбарикунанда дар навоҳии атрофи Душанбе ашхоси зерин таъйин шуданд:
подполковник Мансур Рамазонзода сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат,
подполковник Абдукобир Абдураҳмонзода сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ,
полковник Муҳаммадлоиқ Раҷабзода сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод,
полковник Хуршед Раҳмонзода сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ,
подполковник Нурзод Давлатзода сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур таъйин шуданд, иттилоъ дод ВУД Тоҷикистон.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон ҳамаи кадрҳои нав аз ҳиҷоби мутахассисони ҷавон таъйин шудаанд.