Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд, мулоқот кард

Зимни сӯҳбат сафири Тоҷикистон қайд кард, ихтисосҳое, ки донишҷӯён меомӯзанд, дар ҷумҳурӣ талаботи зиёд доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти намояндагии дипломатӣ хабар дод.
Дар мулоқот Гулмаҳмадзода қайд кард, ки ихтисосҳое, ки донишҷӯёни тоҷик меомӯзанд, дар кишвари талаботи зиёд доранд.
Дипломат ба ҳозирин маслиҳат дод, ки аз тамоми имкониятҳои пешниҳодкардаи донишгоҳҳоро барои гирифтани дониш ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода баранд.
Сафир инчунин ба донишҷӯён бо изҳорот дар бораи аҳамияти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муборизаи фаъол бо экстремизм ва терроризм муроҷиат кард.
Беҳтарин шароит барои кӯдакон: Кравтсов дар бораи лоиҳаҳои таълимии Русия дар Тоҷикистон
Хусусан, Гулмаҳмадзода аз онҳо даъват намуд, ки новобаста аз шакл ва зуҳуроти онҳо, ба иғвоҳо дода нашаванд. Дар охири мулоқот донишҷӯён саволҳо доданд ва ба онҳо посухҳои муфассал гирифтанд.