Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский пас аз зарбаи “Орешник” асабонӣ шуд

Зеленский пас аз ҳамла ба Украина бо мушаки “Орешник” аз шариконаш падофанди ҳавоӣ бештар талаб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия ва истифодаи мушаки "Орешник", Владимир Зеленский бори дигар аз кишварҳои Ғарб падофанди ҳавоии бештар талаб кард.
"Ҳамлаи имрӯза барои ҳамаи шарикони мо ёдраскунандаи қавӣ аст, ки дастгирии Украина бо падофанди ҳавоӣ авлавияти доимӣ мебошад", - навишт ӯ дар канали Telegram-и худ.
Рӯзи ҷумъа Вазорати дифоъ хабар дод, ки артиши Русия дар посух ба ҳамла ба қароргоҳи Владимир Путин ба иншооти муҳими Украина зарбаҳои мушакӣ, паҳподӣ зада шуд.
Ба иттилои вазорат дар ин ҳамлаи густарда ба иншоотҳои Украина артиши Русия аз мушаки болистикии миёнбурди фаросавтии “Оршник” истифода кардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Зеленский раҳбар нест": ИМА ошкор кард, ки кӣ дар Киев қудрат дар дасти кист
Ахиран расонаҳои хориҷӣ ва украинӣ дар бораи як силсила таркишҳо дар Киев ва Лвов хабар доданд.
Ба гуфтаи Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, инфрасохтори муҳими шаҳр зарар дидааст. Дар баъзе минтақаҳо барқ хомуш шудааст ва вазорати энергетикаи Украина эълон кардааст, ки санаи барқарор намудани барқдиҳӣ ба мардум то ҳол маълум нест.