ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Президенти Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев ахиран гуфт ҳадафи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар соли 2026 ин пайджо намудани ҷуғрофияи нави тиҷорат тавассути муколамаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.
"ИИАО бояд ҳамкориҳои иқтисодиро бо шарикони хориҷӣ фаъолона густариш диҳад", - таъкид кард Тоқаев.
Дар соли 2025 Созишномаҳои минтақаи тиҷорати озод бо Муғулистон ва Индонезия, инчунин Созишномаи шарикии иқтисодӣ бо Имороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расиданд. Ин натиҷаи назарраси кори муштараки кишварҳои узв ва Комиссия мебошад.
Бо назардошти оянда, густариши муносибатҳои ИИАО бо кишварҳои ҷануб, ҷаҳони араб, Осиёи Ҷануб ва Шарқӣ ва Африқо, инчунин бо иттиҳодияҳои бонуфузи минтақавӣ тавсия дода мешавад.
Раисҷумҳури Қазоқистон қайд кард, ки ҳамгироии иқтисодӣ воситаи муҳим барои эҷоди соҳаҳои нав ва ҷойҳои кории муосир, ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта ва рушди муҳити тиҷорати озод мебошад.
Дар давраи раёсати худ, Қазоқистон қасд дорад, ки то ҳадди имкон ба ноил шудан ба ин ҳадафҳо саҳм гузорад.
"Ман итминон дорам, ки танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем ба ҳадафҳои худ ноил шавем ва ҳамзамон рушди босуръати иқтисодиёти кишварҳои узви ИИАО-ро таъмин намоем ва иқтидори умумии иттиҳодияи ҳамгироии моро тақвият диҳем", - хулоса кард Қосим-Ҷомарт Тоқаев.