Тавлиди дору дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Вазорати тандурустӣ дар бораи истеҳсол ва содироти доруворӣ дар соли 2025 гузориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 январ - Sputnik. Истеҳсоли доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббии истеҳсоли Тоҷикистон дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст.
Ин дар гузориши ниҳоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ зикр шудааст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 бештар аз 106,5 миллион адад мебошад, ки нисбат ба соли 2024 4,5 миллион адад зиёдтар аст.
Дар маҷмӯъ, дар кишвар 71 корхона фаъолият мекунанд, ки 634 намуди доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббиро истеҳсол мекунанд.
Воридоти дору аз Русия ба Тоҷикистон бештар мешавад.
Ғайр аз ин, дар соли 2025 ширкатҳои дорусозии Тоҷикистон ба маблағи 27,1 миллион сомонӣ маҳсулот содир карданд, ки ин нисбат ба соли гузашта қариб 5 миллион зиёдтар аст.