Тоҷикистон ба низоми рамзгузории электронии молҳо мегузарад

Ин тадбир ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар гардиши мол, тақвияти назорат ва гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ алоқаманд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Тоҷикистон тадриҷан ба системаи тамғагузории рақамӣ барои баъзе гурӯҳҳои маҳсулот мегузарад.
Дар ин бора, Хадамоти гумруки кишвар гузориш додааст.
Ин тадбир барои баланд бардоштани сатҳи шаффофияти тиҷорат, тақвияти назорат ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Қайд карда мешавад, ки размгузории рақамӣ барои маҳсулоти тамоку, сигорҳои электронӣ, ҳама намудҳои машрубот, нӯшокиҳои энергетикӣ, доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ ҳатмӣ аст.
"Маълумот дар бораи бақайдгирии молҳои рамзгузошташуда ҳар рӯз аз ҷониби мақомоти андоз гирифта мешавад, ки имкон медиҳад мониторинги муассир ва пешгирии қонуншиканиҳо анҷом дода шавад", - таъкид кардаааст хадамот.
Интизор меравад, ки татбиқи пурраи ин низом сатҳи масъулияти истеҳсолкунандагон ва воридкунандагонро афзоиш диҳад ва истеъмолкунандагон метавонанд бо истифода аз смартфонҳои худ мустақиман аслияти маҳсулотро тасдиқ кунанд.
Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2026 барои чӣ сарф мешавад?
Мақомоти Тоҷикистон инчунин умедворанд, ки мутобиқ кардани рамзгузории электронӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ба ҷалби сармоягузорӣ ва рушди рақобатпазирии истеҳсоли ватанӣ мусоидат хоҳад кард.