Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Ном ба ном: раисони нави шаҳру навоҳии Суғду Хатлон эълон шуданд

Фармонҳои раисони нави нӯҳ шаҳру навоҳии вилоёти Халону Суғд баромад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Президенти Тоҷикистон раисони 9 шаҳру навоҳии вилояти Суғду Хатлонро иваз кард.
Ҳамин тавр бо фармонҳои раисиҷумҳур, ба вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ кадрҳои ҷавону варзида таъйин шуданд.
Дар ин бора, дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тавр раисони нави шаҳру навоҳӣ ашхоси зерин таъин шуданд:
Назарзода Бахтиёр Худоёр аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод ва Пирзода Диловар иҷрокунандаи ин вазифа таъин шуд,
Мирзозода Нурулло Абдулҳай аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон озод ва Набизода Фаррухуддин Амурдин иҷрокунандаи ин вазифа таъин гардид,
Маъмурзода Адҳам Маъмур аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод ва Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода раиси шаҳри Истаравшан таъин шуд,
Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод шуда, Ҷумазода Шарифҷон иҷрокунандаи ин вазифа таъин карда шуд,
Нӯмонзода Темурҷон аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод ва Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин шуд,
Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод ва Нӯмонзода Темурҷон иҷрокунандаи ин вазифа таъин шуд.
Ҳикматуллозода Абдуғаффор аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод шуда ба ҷояш Салимзода Нусратулло Файзулло таъин гардид,
Рауфзода Саймумин Тоҷиддин раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин шуд,
Ализод Азизулло Муҳибулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъин гардид.
Хадамоти матбуотии президент сабаби озод шудани раисони шаҳру навоҳиро аз вазифаҳо ба кори дигар гузаштан гуфтааст.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раисони 9 навоҳии Суғду Хатлон аз вазифа озод шуданд: тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Ашуброй Солеҳзодаро аз вазифаи муовини якуми вазири рушди иқтисоду савдо ва Абдулло Раҳмонзодаро аз вазифаи ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда, муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъин намудааст.