ИИАО барои ҷустуҷӯи объектҳои саноатӣ хадамоти вижа ташкил мекунад

Созишномаи байналмилалӣ тартиби таъсиси хидматрасонӣ барои ҷустуҷӯи маълумот дар бораи объектҳои моликияти саноатиро дар ИИАО муайян мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хадамоти ҷустуҷӯи моликияти саноатӣ роҳандозӣ мешавад.
Лоиҳаи таъсиси онро президенти Беларус Александр Лукашенко тасдиқ кардааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии сарвари давлат, шартномаи байналмилалӣ тартиби таъсиси хидматро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҷустуҷӯи маълумот дар бораи моликияти саноатӣ муайян мекунад. Ин пеш аз ҳама ба тамғаҳои молӣ, нишонаҳои ҷуғрофӣ ва номҳои пайдоиши мол дахл дорад.
Қайд карда мешавад, ки ин система дар портали расмии ИИАО бо дастрасии ройгони ҷамъиятӣ кор хоҳад кард.
Беларус ба ИИАО 15 лоиҳаи сармоягузории сайёҳӣ пешниҳод кардааст
"Татбиқи ин ҳуҷҷат ҳифзи ҳуқуқи моликияти саноатиро тақвият медиҳад. Ҳукумати Беларус ваколатдор аст, ки лоиҳаи созишномаро музокира кунад ва онро имзо кунад", - афзуд хадамоти матбуот.