ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Тиҷорат байни Русия ва Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 17% афзоиш ёфтааст.
Семен Григорев, сафири Русия дар Душанбе, дар мусоҳиба бо РИА Новости, изҳор дошт, ки ин рақам бештар аз 1,68 миллиард долларро ташкил медишад.
"Русия даҳсолаҳост, ки яке аз шарикони калидии тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон боқӣ ммонад", - гуфт Григорев.
Масалан, саҳми он дар гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2024 22,1% ва дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 21,5% -ро ташкил дод.
Дипломат таъкид кард, ки ин нишондиҳандаҳо устуворӣ ва хусусияти муносибатҳои иқтисодии дуҷонибаро ба таври возеҳ тасдиқ мекунанд.
Ба гуфтаи вай, дар сохтори тиҷорати мутақобила содироти Русия ба Тоҷикистон бартарӣ дорад.
Маҳсулоти асосие, ки ворид мешавад бештар маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, маҳсулоти чӯбӣ ва селлюлоза ва коғазӣ, металлҳо ва маҳсулоти металлӣ мебошанд.
Григорев қайд кард, ки дар аксари ин гурӯҳҳои молӣ имсол динамикаи мусбат ба қайд гирифта шудааст.
"Ман боварӣ дорам, ки дурнамои афзоиши минбаъдаи гардиши тиҷорат аз як тараф бо густариши таъминоти маҳсулоти хӯроквории Русия, масолеҳи сохтмонӣ, металлҳои сиёҳ ва маҳсулоти коркардшуда ва аз тарафи дигар, бо афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, маҳсулоти хӯроквории тайёр ва матоъ ба бозори Русия таъмин хоҳад шуд", - гуфт сафири Русия.
Вай қайд кард, ки меваю сабзавоти барвақтӣ, меваҳои хушк ва маҳсулоти хӯроквории коркардшудаи Тоҷикистон дар Русия талабот доранд.
Қаблан, зимни музокирот бо раҳбари ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки кишвараш ният дорад гардиши тиҷоратро бо Тоҷикистон то соли 2030 2,5 маротиба афзоиш диҳад.