ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Арзиши иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2026 тағйир ёфт.
Нарх вобаста ба коэффитсиенти муқаррарнамудаи минтақаи Русия вобаста ба вилояту ноҳия фарқ хоҳад кард.
Меъёр бо истифода аз меъёри асосии ки сол аз сол тағйир намеёбад - 1200 ҳисоб карда мешавад. Сипас, дефлятори андози даромади шахсӣ ва коэффитсиенти минтақавӣ истифода мешаванд, ки метавонад ҳамасола тағйир ёбад.
Патенти муҳоҷирон дар Русия дар соли 2026 чӣ қадар арзиш хоҳад дошт?
© Sputnik
Ҳамин тариқ, байни шаҳрҳои калони Русия, патент дар шаҳри Севастопол гаронтарин аст - 12,300 рубл.
Дар ҳамин ҳол, дар ин категорияи шаҳрҳо Қазон пасттарин нархро пешниҳод мекунад - 7,900 рубл.
Арзиши патент дар дигар шаҳрҳои калони Русия ва чӣ гуна ҳисоб карла мешавад дар тасвирбаёни Sputnik Tajikistan бубинед.