ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар умури муҳоҷират хабар дод, ки дар давоми соли 2025 музди меҳнати нопардохтношудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар ҳаҷми беш аз 33 миллион рубл (муодил ба 426 ҳазор доллар) аз корфармоён ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки маблағҳо бо роҳи муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Русия баргардонида шудааст.
Намояндагӣ зикр кардааст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагӣ дар Русия расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҳифзу ҳуқуқи шаҳрвандон ва мусоидат барои баргардонидани музди нопардохтшудаи онҳо ба шумор рафта, дар ин самт ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву мулоқотҳои судманд бо корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад.
Намояндагӣ аз шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Русия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.
“Як нусхаи аслии шартномаро дар худ нигоҳ дошта, дар ҳолати риоя нагардидани талаботҳои шартномаи меҳнатӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намоед”, - қайд кардааст Намояндагӣ.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, муҳоирон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт метавонанд дар минтақаҳои гуногуни Русия ба ин Намояндагӣ муроҷиат намоянд.