Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2026 барои чӣ сарф мешавад?

Хароҷоти буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2026 - 66,99 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон хароҷоти буҷети давлатӣ дар якчанд бахшҳои иқтисодӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Лоиҳаи қонунро Вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод кард.
Тибқи ҳуҷҷати нашршуда, хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2026 нисбат ба соли 2025, ки мақомот 51,23 млрд сомонӣ пешбинӣ карда буданд, 30,76% афзоиш хоҳад ёфт.
Имсол, қисми зиёди хароҷот барои бахши сӯзишворӣ ва энержӣ ҷудо карда шудааст, ки 14,96 млрд сомониро ташкил медиҳад. Бахши маориф низ буҷаи бештар дорад, барои ин соҳа 13,67 млрд доллар ҷудо шудааст.
Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2026 чӣ гуна масраф мешавад?
Суғурта низ бо 8,49 млрд сомонӣ ба сегонаи сермаблағ шомил шуд.
Даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2026 65 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 33,3%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2026, Тоҷикистон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳоро зиёд мекунад.
Пешгӯии сустшавии афзоиши ММД дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви БАОР
Меъёр се сомонӣ, аз 75 то 78, афзоиш хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ин меъёр барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ истифода мешавад.