Таътили Соли Нав дар Русия дар соли 2026 12 рӯз - аз 31 декабри соли 2025 (чоршанбе) то 11 январи соли 2026 (якшанбе) давом мекунад.
Рӯзи аввали кории соли нав 12 январ (душанбе) хоҳад буд.
Тақвими идҳо дар Русия барои соли 2026
© Sputnik
Илова бар ин, имсол дар Федератсияи Русия рӯзҳои истироҳати тӯлонӣ дар санаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
21-23 феврал - ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан,
7-9 март - Рӯзи байналмилалии занон.
1-3 май ва 9-11 май - ба муносибати Рӯзи баҳор ва меҳнат ва Рӯзи Ғалаба.
12-14 июн - ба муносибати Рӯзи Русия.
Ҳамчунин, дар соли 2026 бархе аз рӯзҳои истироҳатӣ ҷой иваз карданд:
аз шанбе, 3 январ ба ҷумъа, 9 январ;
аз якшанбе, 4 январ ба панҷшанбе, 31 декабри соли 2025.
Ин имкон дод, ки дар давраи идҳои солинавӣ (аз 31 декабри соли 2025 то 11 январи соли 2026) рӯзҳои истироҳати тӯлонӣ гузаронида шаванд.