Бунёди 2600 корхона дар 7 сол дар Тоҷикистон

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон танҳо дар соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Ин вазорат қайд кардааст, ки бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати Тоҷикистон шуруъ аз соли 2019 то 2025 дар кишвар дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шуданд.
“Дар ин солҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфт . Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил додааст. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд”, - хабар додааст вазорат.
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат афзуд
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми худ гуфта буд, ки агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол мекард, пас он дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.
Ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.
"Ба идомаи ин раванд, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд, -дастур дод Эмомалӣ Раҳмон.