Тоҷикистон дар Шӯрои авиатсияи ИДМ раёсатро ба ӯҳда гирифт

Раёсат дар Шӯрои авиатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Тоҷикистон аз Русия гузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Аз 1 январи соли 2026 Тоҷикистон раёсати Шӯрои авиатсияи ИДМ-ро бар ӯҳда гирифт.
Кумитаи байнидавлатии авиатсионии дар ин бора эълон кард ва афзуд, ки ҷумҳурӣ ин ваколатро аз Русия, ки аз соли 2023 то 2025 раёсати ин созмонро бар ӯҳда дошт, гирифтааст.
Қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон раёсатро дар Шӯрои авиатсияи ИДМ барои се сол бар уҳда хоҳад дошт.
"Соли 2025 раёсати Русия дар Шӯро ба анҷом мерасад ва Тоҷикистон барои се соли оянда раёсати онро ба ӯҳда мегирад", - шарҳ дод ин Кумита.
Тоҷикистону Эронро хатсайрҳои нави ҳавоӣ мепайвандад: оғози парвозҳо
Тибқи тартиби ҷорӣ, Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 ин созмонро роҳбарӣ хоҳад кард.
Бояд қайд кард, ки созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ моҳи декабри соли 1991 имзо шуда буд.