Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Герасимов аз пешрафти артиши Русия дар минтақаи амалиёти вижа хабар дод

Раҳбари ситоди кулли артиши Русия таъкид кард, ки артиши кишвараш имсол ба баландтарин суръати пешрафт дар хатти ҷабҳа ноил гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сардори Ситоди кулли артиши Русия Валерий Герасимов гуфт, ки сарбозон бомуваффақият хатти дифоии артиши Украинаро рахна карда, пешравӣ доранд.
"Қӯшунҳои гурӯҳи муштарак бо итминон ба дохили хатти дифоии душман ворид мешаванд", - гуфт Герасимов зимни санҷиши гурӯҳи нерӯҳои "Шимол”.
Тавре ки Герасимов қайд кард, артиши Русия имсол ба баландтарин суръати пешрафт ноил гардидааст.
Вай гуфт, тақрибан дар як моҳ артиш беш аз 700 километри мураббаъро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ гуруӯҳи “Шимол” озод кардааст.
Вай илова кард, ки дар моҳи декабр ҳафт маҳалла дар вилоятҳои Сума ва Харков озод карда шуданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: ҳадафи ҳамлаи Киев ба қароргоҳи Путин халалдор кардани музокирот буд
Президент Владимир Путин вазифаи идома додани васеъ кардани минтақаи амниятро барои таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони вилоятҳои Белгород ва Курск муқаррар кард.
Сардори Ситоди кулли артиш инчунин гузоришҳои фармондеҳ ва фармондеҳони гурӯҳи "Шимол"-ро ​​шунид ва ба сарбозони барҷаста мукофотҳо супурд.
Тавре ки Путин таъкид кард, артиш вазифаи таъсиси минтақаи амниятӣ дар сарҳад бо Украинаро дар вилоятҳои Харков ва Сума бомуваффақият амалӣ мекунад.