Топ 5 филми беҳтарини тоҷикӣ барои тамошо дар Соли нав

Соли нав беҳтарин замон барои ҷамъ омадани аҳли хонавода гирди ҳам мебошад. Ҳавои сарди зимистон касро водор месозад, ки дар манзили гарму роҳат паноҳ бурда, ба тамошои филмҳои дӯстдошта машғул шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек - Sputnik. Sputnik Тоҷикистон барои хуш гузаронидани рӯзҳои таътили солинавӣ ба мардуми Тоҷикистон тамошои 5 филми беҳтарини тоҷикиро тавсия медиҳад.
Ин филҳои классикие мебошанд, ки дили ҳазоронро бо сюжет ва бозии касбии ҳунармандони тоҷик тасхир кардаанд.

Рустам ва Суҳроб

"Рустам ва Суҳроб" филми драмавии таърихӣ мебошад, ки соли 1971, аз ҷониби студияи "Тоҷикфилм" таҳия шудааст. Ин филм бар пояи достони "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ аз тарафи коргардони машҳур Борис Кимёгаров, сенариянавис Григорий Колтунов ва наворбардор Давлат Худоназаров сохта шуда, 1 соату 31 дақиқа давом мекунад.
Кадр из кинофильма "Рустам и Сухроб" (1971).
Филм дар бораи зиндагии фоҷиабори қаҳрамони афсонавӣ Рустам, ки бо зӯри бозӯи худ дар Эрон машҳур аст, нақл мекунад. Драмаи филм дар он аст, ки Рустам, писари ягонаи худро нашинохта ва дар набарде ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Бист сол пеш, Рустам, зани ҳомиладораш Таҳмина - духтари ҳокими Самангонро, тарк мекунад. Ӯ намехоҳад, ки писараш то машҳур шудан аз шахсияти падараш бохабар бошад.
Сӯҳроб, ҳамчун як ҷанговари мағлубнашаванда дар дарбори Афросиёб обрӯ пайдо мекунад. Афросиёб бошад, сирри таваллуди Сӯҳробро медонад ва аз тарси он ки ду ҷанговари бузург, падар ва писар, бар зидди ӯ муттаҳид мешаванд, Сӯҳробро роҳбари як полки ҷангӣ дар Эрон таъин мекунад ва Рустамро ҳамчун душмани асосие муаррифӣ мекунад, ки аввал бояд Сӯҳробро нобуд кунад.
Таҳмина номи падари Сӯҳробро ошкор мекунад, аммо Рустам намедонад, ки раҳбари артиши душман писари ӯст. Ҳамин тавр, падар ва писар дар дуэли фоҷиабор бархӯрд мекунанд. Рустам танҳо дар ҳолате бохабар мешавад, ки Суҳроб ӯро ба падари худ - Рустам ном таҳдид мекунад ва мегӯяд, "Ӯ интиқоми маро аз ту хоҳад гирифт". Рустам огоҳ мешавад, ки писаркӯш шудааст ва аз дили худ нолаи ҷонкоҳ мебарорад.
Нақшҳои асосиро дар филм Бимболат Ватаев - Рустам, Ҳошим Гадо - Суҳроб ва Таҳмина - завҷаи Рустам ва модари Суҳробро Светлана Норбаева иҷро кардааст.
Гарчанде аз таҳияи филм солҳои зиёда гузашта бошад ҳам, то кунун ин филми классикии тоҷикӣ яке аз баҳтарин филмҳо дар филмографияи "Тоҷикфилм" боқӣ мемонад.
Филми "Рустам ва Суҳроб" соли 1972, барои тасдиқи анъанаҳои эпоси қаҳрамонии халқӣ дар экран дар Фестивали V-уми умумииттифоқии филмҳо дар Тбилисӣ ҷоиза дарёфт кардааст.

"Тақдири шоир"

"Тақдири шоир" - низ аз ҷониби коргардон Борис Кимёгаров, бар асоси сенарияи Сотим Улуғзода сохта шудааст ва дар студияи "Тоҷикфилм" истеҳсол шудааст.
Кадр из фильма "Судьба поэта" (1959).
Нахустнамоиши ин филм моҳи июни соли 1959 дар Душанбе баргузор гардидааст. Филм дар бораи тақдири асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳикоя мекунад.
Рӯдакӣ, ки асарҳои худро дар дарбори амир Насри II эҷод карда, аз дастгирии ӯ баҳравар буд, ошиқи Нигина ном - ғуломи фармондеҳи низомӣ Саҳл бин Мансур мешавад. Мансур розӣ мешавад, ки ғуломи худро ба Рӯдакӣ диҳад, аммо баъдтар ӯро фиреб дода Нигинаро мекушад.
Пас аз марги Насри II, писараш Нӯҳ амир шуда фармон мебарорад, ки Рӯдакӣ кӯр карда шавад. Бо вуҷуди ин, Рӯдакӣ то охири умраш ба навиштани шеър ва дикта кардани он ба шогирдонаш идома медиҳад.
Нақшҳои асосиро дар ин филм ҳунармандони машҳур иҷро кардаанд. Дар нақши Рӯдакӣ - Марат Орипов ва дар нақши Робия Нозукмо Шомансурова ба навор гирифта шудааст.
Филми "Тақдири шоир" дар Фестивали дуюми филмҳои Осиё ва Африқо дар Қоҳира соли 1960 ҷоизаи аввал ва медали "Уқоби тиллоӣ"-ро ба даст оварда, инчунин дар Фестивали умумииттифоқии филмҳо дар Минск дипломи фахрӣ гирифтааст.

Ниссо

"Ниссо" филми драмавӣ аст, ки соли 1965, аз ҷониби студияи "Тоҷикфилм" истеҳсол шудааст. Онро Марат Орипов коргардонӣ кардааст ва бар асоси романи Павел Лукнитский ба навор гирифта шудааст. Нахустнамоиши филм моҳи августи соли 1966 дар Душанбе баргузор шудааст.
Галия Пулатова в роли "Ниссо" (1965)
Филм дар Помир ва шаҳри Норак ба навор гирифта шудааст. Он дар бораи тақдири бади духтари зебои кӯҳистонӣ - Ниссо нақл мекунад, ки холаи солхӯрдааш ӯро бар ивази қарзҳояш ба ҷамъкунандаи андоз Азизхон мефурӯшад.
Аммо, Ниссо аз ӯ фирор карда, дар деҳае паноҳгоҳ пайдо мекунад. Дар ҳамин ҳол, сарбози артиши Сурх аз хизмат озодшуда Александр Медведев барои оғози ҳаёти нав ба деҳа меояд.
Ниссо аз сабаби таассубҳои кӯҳна бо душмании сокинони маҳаллӣ рӯбарӯ мешавад, аммо ӯро Медведев ва сартарош Кендирӣ муҳофизат мекунанд. Дар ниҳоят, бо ёрии марзбонон, деҳқонон Азизхонро мағлуб мекунанд ва Ниссоро аз ғуломӣ ва таҳқир наҷот медиҳанд.
Нақшҳои асосиро дар филм ҳунрамандони машҳур бозӣ кардаанд: Галия Пулатова дар нақши Ниссо, Спартак Багашвили - Бобо Калон, Юрий Назаров - Саша Медведев, Қурбон Холов - Бахтиёр ва Гази ниёзов дар нақши Азизхон.

Ман бо духтаре вохӯрдам

Филми "Ман бо духтаре вохӯрдам" соли 1957 аз ҷониби коргардон Рафаил Перелштейн таҳия шудааст. Ин аввалин филми рангаи бадеӣ буд, ки аз ҷониби Студияи филми тоҷикии Сталинобод дар ҶШС Тоҷикистон истеҳсол шудааст.
Кадр из фильма "Я встретил девушку" (1957).
Филм аз ҳунари овозхонии духтари тоҷик, ки маълуман он замонҳо хонашин буданду дар бораи рӯи саҳна баромадану ва ҳатто кор дар хори шаҳрӣ танҳо орзу мекарданд, нақл мекунад.
Қаҳрамони филм Лола, ки таваҷҷӯҳи аксариятро бо ҳунари худ ҷалб кардааст аз ҷониби мутахассисони хори шаҳр ба кор ҷалб мешавад. Саид, марди коргари оддӣ, вақти тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи Лола мегардад, аммо падари Лола, ки мехоҳад духтарашро аз ҳама гуна таҳрикот муҳофизат кунад, ӯро ба деҳа мефиристад, бехабар аз он ки Саиди ошиқ Лоларо дар он ҷо низ пайдо мекунад.
Суруди "Ман бо духтаре вохӯрдам", ки Мирзо Турсунзода махсус барои филм навиштааст ва аз ҷониби Ҳаролд Регистан ба забони русӣ тарҷума шудааст, то ҳол маъруфияти хоса дорад.
Ин ва бисёр сурудҳои дигари филмро Рауф Атакишиев иҷро кардааст ва оҳангсозаш Андрей Бабаев аст. Нақши Мухтор акаро дар филм Аслӣ Бурҳонов бозӣ карда дар нақши Лола Роза Акобирова ба навор гирифта шудааст. Нақши Саидро бошад, Ҷаҳон Саидмуродов офаридааст.
Филм соли 1958 - Ҷоизаи "Гулдони калон" дар аввалин Фестивали байналмилалии филмҳои кишварҳои Осиё ва Африқоро гирифтааст.

Ишқи аввали Хоҷа Насриддин

Филми бадеии замони шӯравӣ "Ишқи аввали Хоҷа Насриддин" соли 1977 дар жанрҳои афсона ва саргузашт аз ҷониби коргардон Анвар Тураев бар асоси қиссаи Темур Зулфиқоров дар бораи саргузаштҳои қаҳрамони машҳури афсонаҳои шарқӣ Хоҷа Насриддин, қисса мекунад.
Кадр из фильма "Первая любовь Насреддина" (1977)
Насриддини ҷавон дар деҳаи зодгоҳаш зиндагии дилгиркунандае дорад. Ӯ орзуи сафар, тариқи роҳи бузурги абрешим ва шаҳрҳои ношиносро дорад. Рӯзе Насриддин Хон Талгатбекро аз мор наҷот медиҳад ва Талгатбек наҷотдиҳандаи худро ба қасраш даъват мекунад.
Насриддин бо духтари хон, Суҳайл, вомехӯрад. Ҷавонон бо нигоҳи аввал ошиқ мешаванд, аммо сарлашкар Қара-Бутон монеъи роҳи онҳо мешавад. Рустам оҳангар ба ошиқон дар мулоқоти пинҳонӣ кӯмак мекунад. Қара-Бутони хиёнаткор оҳангарро мекушад ва Насриддин зиндонӣ мешавад.
Ҷавон муваффақ мешавад, ки фирор кунад. Пас аз хайрухуш бо оила ва Суҳайл, ӯ ба сарзаминҳои дур меравад, аммо ваъда медиҳад, ки бармегардад, то аз Қара-Бутон барои марги дӯсташ, оҳангар Рустам, интиқом гирад.
Нақшҳои асосиро дар филм ҳунармандони машҳур: Насриддин - Сократ Абдуқодиров, Суҳайл - Нино Долидзе, Рустам - Ато Муҳаммадҷонов, Талгатбек - Ҳошим Гадоев ва Дарвеш - Маҳмудҷон Воҳидов офаридаанд.
Ҳамаи ин филмҳои дӯстдоштаи "Тоҷикфилм"-ро дар платформаҳои машҳур тариқи онлайн тамошо кард.