Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Песков гуфт барои қатъи ҷанг Киев бояд чӣ кор кунад

Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки барои қатъи ҷанг, Киев бояд артишашро аз минтақаи Донбасс берун кашад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки Киев бояд нерӯҳои мусаллаҳи худро аз марзҳои маъмурии Донбасс берун кашад, то ба ҷанг хотима бахшад.
Қаблан, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор дошт, ки Киев бояд бо назардошти вазъияти тағйирёбанда дар хатти ҷабҳа дар бораи Донбасс фавран қарор қабул кунад.
Вай қайд кард, ки қатъи ниҳоии амалиёти ҷангӣ аз Киев талаб мекунад, ки дар бораи Донбасс қарори сиёсӣ қабул кунад.
"Албатта, ин маънои хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи режими Киев аз Донбасс, аз марзҳои маъмурӣиро дорад”, - гуфт Песков дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон дар бораи он ки қарори сиёсӣ дар бораи Донбасс чӣ маъно дорад.
Оқои Песков ҳамчунин изҳор дошт, ки Украина заминҳояшро аз даст медиҳад ва дар оянда низ аз даст хоҳад дод
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мақомоти Русия: Украина заминҳояшро аз даст медиҳад ва дар оянда низ аз даст хоҳад дод
"Дар муроҷиат ба ҳамсӯҳбатони украинии мо, мехоҳам ба шумо хотиррасон кунам, ки Украина заминҳяшро аз даст медиҳад ва он идома хоҳад ёфт. Вазъ фардо аз имрӯз фарқ хоҳад кард. Ин нақшаи А, В ва С аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Владимир Зеленский қаблан изҳор карда буд, ки Русия бояд барои ҳалли низоъ дар Украина нақшаи Б-ро омода кунад.