ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Русия Тоҷикистонро шарики боэътимод ва наздик мешуморад.
Дар ин бора сафири Русия дар Тоыикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Душанбе саъй мекунад.
"Ман сатҳи ҳамкориҳои сиёсии Русия ва Тоҷикистонро баланд ва устувор арзёбӣ мекунам. Муносибатҳои мо бо шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, ки бар пояи чорчӯби мустаҳками ҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар асос ёфтааст, тавсиф мешаванд", - гуфт сафир.
Семён Григорев қайд кард, ки сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябр тасдиқи муҳими хусусияти хоси муносибатҳои дуҷониба буд. Ин чорабинӣ ба рушди тамоми маҷмӯи муносибатҳои байнидавлатӣ такони ҷиддӣ бахшид.
"Мо Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва наздик мешуморем, ки дар таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Ҷониби Русия барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи дӯстӣ, иттифоқ ва ба назар гирифтани манфиатҳои мутақобила саъй мекунад", - қайд кард сафир.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин ба Душанбе аз 8 то 12 октябр сурат гирифт.
Пас аз мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ, байни Тоҷикистон ва Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.