ДУШАНБЕ, 27 дек - Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе 12 миллиону 475 ҳазору 368 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд.
Ин миқдор гул дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар ҳудуди Душанбе шинонида хоҳад шуд, хабар медиҳад, шаҳрдорӣ.
Ин тадбир дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо гардонидании гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ амалӣ карда мешавад.
Шинонидани гул барои пок гардонидани муҳити зист, тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ ва зебо гардидани кӯчаю хиёбонҳо нақши муҳиму арзанда доранд.
Асосан ба парвариши тухмӣ барои гулҳо Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии "Сабзкорӣ" машғул мешавад.
Ба иттилои мудири ин корхона, Олимхон Тағозода, яке аз иқдоми Рустами Эмомалӣ ба "шаҳри сабз" табдил додани пойтахт аст, гузориш медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар ҳудуди ин корхона 1 гармхонаи нави замонавии ба талаботи муосир ҷавобгӯ дар 2000 метри мураббаъ фаъолият менамояд.
Барои парвариши гулҳои мавсимии ороишӣ беш аз 1900 метри мураббаъ катҳои гулпарварӣ ва дар 5120 метри мураббаъ палҳо барои коридани тухмии гулҳо ва парвариши гулҳои кӯчатӣ сохта шудаанд.
Гармхонаҳои корхона бо пардаи шаффофи полиэтиленӣ пӯшонида шуда, ҳангоми фарорасии гармии баҳор ва тобистон бо тӯр иваз карда мешаванд.