Коршинос: Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки аз имтиёзҳои кишварҳои ИИАО истифода барад

Дар Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон имтиёзҳои зиёде пешниҳод шудааст дар ҳоле, ки узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Тоҷикистон ба таври возеҳ ба узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) манфиатдор аст.
Станислав Притчин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ дар Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия, ин андешаро дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Коршинос бар он ақида аст, ки то ҳол баҳсҳои сатҳи коршиносон ба ягон оқибати ҷиддӣ оварда нарасонидаанд.
"Дар сатҳи сиёсӣ дар бораи омӯзиши воқеии имкони пайвастан ба ИИАО ва баррасии абзорҳо ва чаҳорчӯби ҳуқуқӣ баҳсҳои муҳиме вуҷуд надоранд", - гуфт Притчин.
Ба андешаи ӯ, мақомот айни замон кӯшиш дорад, аз ҳама гуна саволҳо ё посухҳои мушаххас дар бораи он ки оё Тоҷикистон ягон бор ба ИИАО ҳамроҳ мешавад ё на, канорагирӣ кунанд.
ИИАО стратегияи тиҷорати хориҷияш то соли 2030-ро тасдиқ кард
Дар ҳамин ҳол, иқтисоддон идома дод, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон доштани имтиёзҳое, ки шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё доранд, муҳим аст. Хусусан, бекор кардани талаботи гирифтани иҷозатномаи корӣ барои кор дар Русия.
"Аз нигоҳи мардуми оддӣ, барои Тоҷикистон пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле муфид хоҳад буд", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб имкони пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъкид карда буд. Вай инчунин рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили ин созмонро эътироф кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, қаблан изҳор карда буд, ки Душанбе пеш аз қабули қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, таҷрибаи дигар кишварҳоро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаи Қирғизистон ва Арманистонро меомӯзанд.