Толибон* аз содироти дастгоҳҳои санъатӣ ба Тоҷикистон хабар доданд

Мақомоти феълии Афғонистон хабар додааст, ки соҳибкорони ин кишвар ба Тоҷикистон ба арзиши 350 миллион доллар дастгоҳҳои санъатӣ содирот кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳукумати Толибон* дар Ҳироти Афғонистон аз содироти дастгоҳҳои санъатӣ ба арзиши 23 миллион афғонӣ (350 миллион доллар аст), ба Тоҷикистон хабар додаанд.
Дафтари матбуотии волии Толибон* дар Ҳироти дар хабарномае гуфта, ки барои нахустин бори як маҳмулаи дастгоҳҳои мавриди истифода дар корхонаҳои гачу семент ба Тоҷикистони содир шудааст.
Тибқи хабарномаи Толибон*, арзиши кули ин қарордоди 80 миллион ва 450 ҳазор афғонӣ (1,2 млн. доллар) аст.
Вазорати санъату тиҷорати Толибон* дар маросими гушоиши содироти ин дастгоҳҳо муддаӣ шуд, ки арзиши содироти тавлидоти дохилӣ ба ду миллиард доллар расидааст.
Тоҷикистону Толибон* хоҳони ҳалли ихтилофоти марзӣ аз роҳи гуфтугӯ шуданд
Равобити тиҷории Толибон* бо Тоҷикистон зери сояи нигарониҳои амниятӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон сурат мегирад.
Бо гузашти чаҳор сол Тоҷикистон ҳануз сифорати Афғонистон дар Душанберо ба Толибон* таҳвил надодааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.