Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон

Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон шахсан президенти ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ иштирок кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек - Sputnik. Ахиран дар Шурои санъати миллии Покистон маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ иштирок намуд.
Қайд карда шудааст, ки пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ дар се толор ҳунарҳои мардумӣ, санъатҳои дастӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, меваҷот, оши палав, номгӯи обҳои истеҳсоли Тоҷикистон, намоиши мусаввараю аксҳо, ки таъриху фарҳанг ва урфу одати миллати моро инъикос менамоянд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд.
Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ вазирони фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Покистон суханронӣ намуданд.
Аз энергетика то вазъи Афғонистон: Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири дифои Покистон
Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ доир ба муносибатҳои дӯстона ва гуногунҷанбаи Покистону Тоҷикистон ибрози ақида намуда, саҳми Президенти Тоҷикистонро дар рушди робитаҳои ду давлати дӯст муҳим арзёбӣ намуд.
Консерт бо ҳузури ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон аз ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии "Лола" ва "Парасту" баргузор шуд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон то 24 декабр идома меёбанд.