БАОР дурнамои қурби сомонӣ барои соли 2026-ро расонаи кард

Бонк таҳқиқотеро нашр кард, ки дар он дар баробари дигар масъалаҳо инчунин, дурнамои қурби асъори тоҷикӣ низ таҳлил шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Қурби асъори миллии Тоҷикистон дар соли 2026 устувор хоҳад буд.
Ин дар пешгӯии таҳлилии Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) барои се соли оянда зикр шудааст.
Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки ба устувории қурби сомонӣ афзоиши содирот ва интиқоли маблағ аз муҳоҷирони корӣ таъсир мерасонад.
Мутахассисони Бонки АвруОсиёии Рушд инчунин қурби асъори милии Тоҷикистонро барои соли 2026 пешгӯӣ карданд: интизор меравад, ки арзиш тақрибан 9,8 сомонӣ/доллар хоҳад буд.
Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон қайд карда буд, ки асъори хориҷӣ барои ноил шудан ба якчанд ҳадафҳои иқтисодӣ истифода мешавад.
БАОР пешгӯӣ дорад, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон бо суръати баланд идома хоҳад ёфт
Ғайр аз ин, танзимгар бинобар вазъи кунунии геополитикӣ натавонист пешгӯии дақиқи қурби доллар ва рублро пешниҳод кунад.
БМТ изҳор дошт, ки истифодаи моделҳои классикии иқтисодӣ дар ҳисобҳо айни замон бинобар фишори идомаёбандаи таҳримҳо маҳдуд аст.