Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин: Украина ҳанӯз барои муҳокимаи масъалаи ҳудудӣ омода нест

Раисҷумҳури Русия дар нишасти мабуотии калони солонааш гуфт, ки Русия майли Украина барои баррасии масъалаи ҳудудиро намебинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек - Sputnik. Владимир Путин, президенти Русия, изҳор дошт, ки Русия ҳанӯз омодагии Украинаро барои баррасии масъалаи ҳудудӣ намебинад.
"Мо дар ҳақиқат чунин омодагиро ҳанӯз намебинем", - гуфт раҳбари Русия зимни як ҷаласаи мустақими саволу ҷавоб.
Владимир Путин, президенти Русия, изҳор дошт, ки низоъ дар Украина бо табаддулоти давлатӣ дар Киев оғоз ёфт.
"Бигзор ба шумо хотиррасон кунам, ки чӣ тавр ҳамааш оғоз шуд. Он бо табаддулоти давлатӣ дар Украина дар соли 2014 ва фиреб дар бораи имкони ҳалли осоиштаи ҳамаи мушкилот пас аз созишномаҳои Минск оғоз ёфт", - гуфт Путин зимни нишасти матбуотӣ.
Владимир Путин, гуфт, ки Русия омода ва розӣ аст, ки низоъро дар Украина хотима диҳад.
"Мо омода ва розӣ ҳастем, ки ин низоъро бо роҳи сулҳомез, бар асоси принсипҳое, ки ман моҳи июни соли гузашта дар Вазорати корҳои хориҷии Русия баён карда будам ва бо роҳи бартараф кардани сабабҳои аслии ба ин бӯҳрон овардашуда, хотима диҳем", - гуфт Путин зимни нишасти матбуотӣ.
Нерӯҳои Русия дар ҳамаи ҳатти ҷабҳа пеш рафта истодааст, - Путин.
Путин изҳор дошт, ки Русия огоҳ аст, ки Украина барои анҷом додани муколама омода аст.
"Ммедонед, бо вуҷуди ин, баъзе сигналҳоро, аз ҷумла аз режими Киев, мебинем, ҳис мекунем ва медонем, ки онҳо барои анҷом додани ягон намуди муколама омодаанд", - гуфт раҳбари Русия зимни як ҷаласаи мустақими саволу ҷавоб.