ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ" ифтитоҳ гардид.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки ифтитоҳи Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ оғози марҳилаи нави технологӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.
"Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2040” иқтисоди рақамиро фаъолона пеш бурда, ба рақамикунони хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтор, амалӣ намудани зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти миллӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Ин раванд таҳкими заминаи қонунгузорӣ ба гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва рушди тиҷорати электрониро бо истифода аз зеҳни сунъӣ ташкил медиҳад. Бе рушди технологияи агросаноатӣ таъмини амнияти озуқоворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ғайриимкон мебошад",- таъкид кард Расулзода.
Дар ин марказ технологияи муосир ва истифодаи он аз ҷониби кадрҳои соҳаи кишоварзӣ омӯзонида мешавад.
Дар шароити Тоҷикистон, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз рукнҳои асосии иқтисод мебошад, рақамикунонӣ на танҳо зарурат, балки имкони воқеии расидан ба рушди устувор аст.
Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳа имконият фароҳам меорад, ки кишоварзон самаранок ва мутобиқ ба талаботи замони муосир фаъолият намоянд.