ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки мавқеи Русия дар мавриди ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Украина маълум, комилан яксон ва равшан аст.
"Мавқеи мо дар бораи нерӯҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави Украина маълум аст. Он аз ҷониби президент ва дигар мақомот борҳо эълон шуда буд. Он маълум, комилан яксон ва равшан аст", - гуфт ӯ ба хабарнигорон
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бархе кишварҳои Ғарб дар бораи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ ҳамчун як қисми эътилофи ИА дар қаламрави Украина эълон карда буданд.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.