ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Ахиран Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, изҳор дошт, ки оташбас дар Донбасс танҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои Украина имконпазир хоҳад шуд.
"Яъне, оташбас танҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои Украина метавонад ба амал ояд. Баъд аз ин чӣ мешавад - ба андешаи ман, мо метавонем дар ин бора гуфтугӯ кунем", - гуфт Ушаков ба "Коммерсант".
Ёвари президенти Русия, бовар дорад, ки Донбасс дер ё зуд таҳти назорати пурраи Русия қарор мегирад.
"Дер ё зуд. Агар бо роҳи гуфтушунид набошад, пас аз бо роҳи низомӣ, ин қаламрав (Донбасс) таҳти назорати пурраи Русия мешавад. Ҳама чизи дигар аз ин вобаста хоҳад буд", - гуфт Ушаков.
Дар ҳамин ҳол, Юрий Ушаков, изҳор дошт, ки дер ё зуд Маскав бо Вашингтон дар бораи нақшаи сулҳ барои Украина фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.
"Дер ё зуд тамосҳои фаъол бо амрикоиҳо аз нав барқарор мешаванд, зеро он чизеро, ки амрикоиҳо айни замон бо аврупоиҳо ва украинҳо ҳамоҳанг мекунанд, бояд дар ниҳоят ба мо нишон дода шавад", - гуфт Ушаков.