Тоҷикистону Русия робитаҳои таълимӣ ва илмиро тақвият мебахшанд

Миёни Тоҷикистону Русия барномаҳои муштараки таҳсил, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Тақвияти ҳамкориҳо дар бахши маориф миёни Тоҷикистону Русия дар мулоқоти вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков баррасӣ шуд.
Ба иттилои вазорати маориф ва илми кишвар мулоқоти ду вазир дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Масъалаҳои муҳимми таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия", ки дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, густариши робитаҳои академӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, инчунин таҷрибаомӯзии мутахассисон барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва сифати таҳсил баррасӣ карданд.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф дорои заминаҳои мустаҳкам буда, дар доираи онҳо ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома меёбад.
Қаноатмандии вазир аз ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Инчунин, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ин иқдомҳо ва васеъ кардани робитаҳои таълимӣ ва илмӣ изҳор намуданд.
Ҳамзамон, вазирони Тоҷикистону Русия изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба на танҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, балки ба рушди устувори таҳсилоти олӣ ва илми байни кишвар низ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия қариби 27,5 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Танҳо дар соли таҳсили равон беш аз 8 ҳазор довталаби тоҷик ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд, ки 1 ҳазор нафари онҳо тибқи квота ба ҷойҳои буҷавии давлатӣ қабул шудаанд, иттилоъ дод Вазорати маорифи Тоҷикистон.