Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Лавров: Русия беш аз 11 ҳазор ҷасади сарбозони украиниро ба Киев додааст

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки Русия ҳамагӣ 201 ҷасади сарбозони кушташудаи русро аз Украина гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров эълон кард, ки Русия беш аз 11 ҳазор ҷасади сарбозони украиниро ба ҷониби Украина супурдааст ва Русия аз он тараф 201 ҷасади сарбозони худашро баргардонидааст.
"То имрӯз мо ба Киев беш аз 11 ҳазор ҷасади сарбозони кушташудаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро супурдем ва дар иваз 201 ҷасади сарбозони худро гирифтем", - гуфт вазири хориҷаи Русия.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Аврупо дар бораи "гуфтушунидҳои оташбас" суҳбат мекунад, мо ба сулҳи пойдор исрор дорем, - Лавров.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.